Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мегӯяд, ба Сурия мушак хоҳад фурӯхт


Русия мегӯяд, қарордод дар мавриди таъмини Сурия бо мушакҳои пешрафтаро иҷро хоҳад кард, агарчӣ Исроил ин қарордодро интиқод кардааст. Анатолий Сердюков, вазири дифоъи Русия гуфт, “қарордоди мазкур дар марҳилаи иҷро қарор дорад”. Русия созишнома дар мавриди таъмини Сурия бо мушакҳои маҳвкунандаи киштиҳо мавсум ба Яхонтро соли 2007 имзо кард, вале то кунун мушакҳоро ба Сурия надодааст. Қарордоди мазкурро ҳам Амрико ва ҳам Исроил интиқод кард ва дар матбуот сару садое буд, ки шояд Русия бо назардошти авзоъ дар Ховари Миёна аз фурӯши ин мушакҳо даст кашад.
XS
SM
MD
LG