Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи фирори хориҷиён аз Либия


Ид Бо авҷ гирифтани хушунат дар Либия, хориҷиён ҳамчунон ба таври дастаҷамъӣ ин кишварро тарк мекунанд. Чин имрӯз бо як киштии кирокардаи юнонӣ бештар аӯз 2900 нафарро аз Либия ба ҷазираи Крета интиқол дод ва киштии дигаре бештар аз 2 ҳазор шаҳрванди дигари Чинро ба ҷазираи Малта овард. Рӯзе пештар аз ин Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал аз Шӯрои Амният хост, барои хотима додан ба хунрезиҳо дар Либия ҳарчӣ зудтар иқдом кунад. Бино ба гузоришҳо дар ҷараёни даргириҳои нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия ва тазоҳургарони зиддидавлатӣ садҳо ва ё ҳазорон нафар кушта шудаанд. Интизор меравад, ки имрӯз Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо қабули қатъномае хостори таҳқиқи хушунатҳо дар Либия ва ба ҷазо кашидани гунаҳкорони он дар Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят дар Гаага шавад.
XS
SM
MD
LG