Пайвандҳои дастрасӣ

Даъватҳо барои эъмоли таҳримоти шадид алайҳи Қаззофӣ


Сарони кишварҳои Олмон ва Бритониё имрӯз дар мавриди эъмоли ҳарчӣ зудтари таҳримоти “шадиди” байналмилалӣ алайҳи режими Либия мувофиқат карданд. Дафтари Ангела Меркел, садри аъзами Олмон гуфт, ӯ ва Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё, тарафдори онанд, “Шӯрои Амнияти Созмони Милал бояд, алайҳи Либия ҳарчӣ зудтар таҳримоти шадид эълом кунад.” Шӯрои Амният имрӯз ба хотири поён додан ба саркӯбиҳои бераҳмона ва хушунатбори тазоҳургарон дар Либия, тарҳи қатънома алайҳи ҳукумати Муаммар Қаззофиро баррасӣ мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG