Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти иқтисодии Тоҷикистону Покистон баргузор мешавад


Дар шаҳри Душанбе ба зудӣ нишасти кумиссиёни байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Покистон баргузор мешавад. Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфт, ҳамоиши мазкур рӯзи душанбе 28 феврал оғоз мешавад ва дар он ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои энержӣ, саноат, кишоварзӣ, молия, илму фанновариҳо ва ҳамчунин арсаҳои иҷтимоӣ баррасӣ мешавад. Мубодилоти мол миёни Тоҷикистону Покистон дар соли 2010 се маротиба афзуда ва тақрибан 22 миллион долларро ташкил додааст. Тоҷикистон дар симои Покистон як харидори бузурги нерӯи барқро мебинад ва Покистон ҳам ба нерӯи барқи арзон аз Тоҷикистон ниёзманд аст.
XS
SM
MD
LG