Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси сарнавишти Вилояти Кӯҳистони Қаробоғ дар Русия


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ва Серж Саркиссиён, ҳамтои армании ӯ дирӯз дар шаҳри Санк Петербург дидору гуфтӯгу кардаанд ва аз ҷумла дар мавриди сарнавишти Вилояти Кӯҳистони Қаробоғои Кӯҳӣ. Муноқишаи бадарозокашида бар сари ин вилояти ҷудоихоҳи умдатан арманишини Озарбойҷон, солҳои тӯлонист, ки ҳалли худро пайдо накардааст. Интизор меравад, ки Дмитрий Медведев, 5 март дар шаҳри Сочӣ бо раисони ҷумҳури Озарбойҷон ва Арманистонро доир ба шеваҳои ҳалли ин низоъ сӯҳбат кунад. Талошҳои Русия дар соли гузашта барои имзои як созиши сулҳ миёни Арманистону Озарбойҷон бенатиҷа анҷом ёфт.
XS
SM
MD
LG