Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Буш намехоҳад, ҳамнишини Ассанж бошад


Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури собиқи Амрико, аз суханронӣ дар як ҳамоише, ки ба он Ҷулиан Ассанж, муассиси Викиликс даъват шудааст, даст кашидааст. Қарор аст, ин ҳамоиш дар шаҳри Денвери аёлати Колородаи Амрико баргузор шавад. Сухангӯи ӯ гуфт, Ҷорҷ Буш намехоҳад, дар як нишаст ҳамнишини касе бошад, ки ба қавли ӯ “амдан ва батакрор ба манофеъи Иёлоти Муттаҳида садамаи зиёд задааст”. Ҷулиан Ассанж ҳам дар ин ҳамоиш ширкат намекунад, зеро дар шаҳри Ландан мунтазири истирдоди эҳтимолӣ ба Шветсия аст, ки ӯро дар онҷо ба озори ҷинсии ду зан муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG