Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нӯҳ ғайринизомӣ дар вилояти Хӯст кушта шуданд


Бар асари бархӯрди як мошин ба бомби канори роҳ дар вилояти Хӯсти Афғонистон нӯҳ ғайринизомӣ кушта шудаанд. Муҳаммад Ёқуб Мандозай, сардори полиси вилоят гуфт, тамоми қурбониёни инфиҷор афроди мулкӣ буда ва дар байни онҳо занону кӯдакон ҳам ҳастанд. Ӯ ҳамларо кори дасти “душманони Афғонистон” хонд, иборае, ки ишорае ба Толибон аст, ки алайҳи ҳукумати Афғонистон ва нерӯҳои хориҷӣ меҷанганд.
XS
SM
MD
LG