Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Кӣ Мун хостори хотимаи хунрезӣ дар Либия шуд


Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз Шӯрои Амният хост, барои хотима додан ба хунрезиҳо дар Либия ҳарчӣ зудтар иқдом кунад:" Авзоъ дар Либия башиддат вахимтар мешавад. Мо имрӯз доир ба даргириҳои хушунатбор ва бо қурбониҳои зиёд гузоришҳои нав гирифтем. Мо ҳамчунин доир ба нақзи пайваста ва фарогири ҳуқуқи инсон гузоришҳои тоза дорем. Аз ҷумла, доир ба қатлҳои яксара, боздоштҳои худсарона, тирандозӣ ба сӯи тазоҳургарони осоишта, боздошт ва азияти мухолифон ва киро кардани зархаридони хориҷӣ." Бино ба гузоришҳо дар ҷараёни даргириҳои нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия ва тазоҳургарони зиддидавлатӣ садҳо ва ё шояд ҳазорон нафар кушта шудаанд. Интизор меравад, ки имрӯз Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо қабули қатъномае хостори таҳқиқи хушунатҳо дар Либия ва ба ҷазо кашидани гунаҳкорони он дар Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят дар Гаага шавад. Дар Амрико, ҳукумати ин кишвар эълом кард, ки ҳисобҳои бонкии аъзои хонаводаи Қаззофӣ дар Иёлоти Муттаҳидаро масдуд кардааст.
XS
SM
MD
LG