Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба як полoишгоҳи нафти Ироқ ҳамла кардаанд


Бино ба гузоришҳо, бар асари бомбгузории тундравон, як полоишгоҳи нафти Ироқ оташ гирифтааст. Шӯълаҳои бузурги оташ дар ин полоишгоҳ дар шаҳри Байиҷӣ, воқеъ дар 180 километрии шимоли шаҳри Бағдод мушоҳида мешавад. Як мақоми маҳаллии Ироқ гуфт, кори полоишгоҳи нафтиро бинобар ҳамла боздоштаанд. Ҷузъиёти дигаре доир ба ин рӯйдод дар даст нест.
XS
SM
MD
LG