Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дилрабо, барои табобати ҷигарбанди кӯчакаш ним сол дар ба дари шифохонаҳо гашт, ҳар кори мумкинро кард, то ӯ солим бошад, аммо ...

Ҳатто хунашро ҳам дареғ надошт, вале хуни худаш фарзанди якунимсолаашро кушт: ““Духтуро гуфтанд, ки сифилис, гонорея нашудаӣ гуфтам, не,. Чун зарур буд, фавран ба кӯдакам хун диҳем, бе анализ, бе ҳеҷ чиз ман ба кӯдаки худам хун додам, баъди ин як моҳ пас кӯдакам аз дунё гузашт. “

Сарнавиштҳои монанд ва ғамангез


Дилбарои 22-сола, намедонист, ки хунаш олуда ба вируси норасоии масунияти бадан аст, ки аз шавҳари муҳоҷираш ба сироят кардааст. Шавҳаре, ки бемориашро пинҳон дошт ва иҷоза дод, то хуни олудаи ҳамсарашро ба кӯдаки бегуноҳ бидиҳанд, то зудтар бимирад ва падари бераҳм ҳам даҳ рӯз баъди фавти фарзандаш даргузашт. Ин достони бофтае нест, ки дар рӯзномаҳои зард мехонед, балки достони зиндагии Дилрабои 22-сола аст, ки бо ҳазор умед 3 сол пеш издивоҷ кард, вале рӯзҳои хуше надид ва моҳи
августи соли гузашта хабардор шуд, ки вируси ВИЧ СПИД аз шавҳараш ба ӯ сироят кардааст.

Сарнавишти Моҳистони 34-сола низ ба сарнавишти Дилрабо монанд аст, аммо Моҳистон шояд хушиқболтар буд, ки қабл аз таввалуди фарзанди чаҳорумаш вируси норасоии масунияти баданро дар хуни ӯ ташхис карданд ва тавсия доданд, то ба хотири эмин нигаҳ доштан аз беморӣ, фарзандашро аз роҳи ҷарроҳӣ аз батнаш бигиранд. Аммо ҳеҷ табиби тоҷике ҳозир нашуд, ин ҷарроҳиро анҷом диҳад ва гӯё Моҳистон махав бошад, аз ӯ парҳез карданд ва гузоштанд, то дар шароити хона бо азобу тарс аз сарнавишти ояндаи, таввалуд кунад: “Чанд бор ба ҳамон духтур, ки тавсия доданд, телефон кардам як бор гирифт ва бо шунидани номи ман дигар телефонашро қатъ кард ва дигар ҷавоб надод. Тарсидем, ки ба зойишгоҳ равем, гуфтам шояд маро пеш кунанд, ту ВИЧ дорӣ гуфта, баъд дар хона бо ёрдами модарам ва як парастор (медсестра) таваллуд кардам.”

Моҳистон, ки шавҳараш аз соли 2002 бемориашро аз ӯ пинҳон доштааст, дар сӯҳбати тӯлонии олуда бо оҳи сард Худоро шукр гуфт, ки фарзандашро аз беморӣ эмин доштааст. Шавҳари мӯътоди ӯ ҳам зоҳиран дар Русия гирифтори вируси норасоии масунияти бадан шудааст, ки ҳоло аз бемориҳои дигар ранҷ мекашад ва бемори бистарӣ ва дур аз Моҳистон аст.

Аммо вируси ВИЧ СПИД шавҳари муҳоҷири Саёҳат, хонуми дигари тоҷикро кушт ва ӯро бо фарзандаш ва ҳазор мушкили дигар танҳо гузошт. Фарзанде,
ки ҳоло якуним сола нашудааст ва Саёҳат аз он метарсад, ки мабодо писараш низ гирифтори ВИЧ набошад. Ошкор кардани вируси норасоии масунияти бадан дар хуни кӯдакони то якунимсола номумкин аст. Ҳоло Саёҳат шабҳои бехобии зиёд мекашад ва мегӯяд, хиёлаш танҳо ба писари азизаш аст: “Ман фақат дар бораи кӯдакам фикр мекунам, на дар бораи чизу каси дигар. Худоро шукр, писарам як солаву ду моҳа шуд. Аз ҳама ҷиҳат солим аст, вале тарс дар дилам ҳаст. Ҳар коре мегӯянд, ба хотири ӯ мекунам, вале боз ҳам метарсам, то замоне, ки хунашро ташхис кунанд ва ҷавобашро бигирам.”

Саломат мегӯяд, ба хотири ҳамин фарзандаш, ки дар батнаш буд, худкушӣ накард, фикре дафъатан баъди маълум шудани вируси норасоии масунияти бадан ба сараш омада буд. Ҳоло шабу рӯз аз Худо илтиҷо мекунад, ки фарзандашро солим нигаҳ дорад. Ин дуоро Носира, як хонуми рустоӣ ва мусибатзадаи дигари тоҷик ҳам мекунад, ки ду фарзандаш гирифтори ВИЧ ҳастанд ва яке дигараш аз ин беморӣ фавтидааст. Носираро шавҳари мӯътодаш, ки ҳоло нест, бо панҷ фарзанд танҳо гузошт ва ҳоло рӯзи сиёҳе, ки ӯ дорад, худаш медонад ва Худо. Чунин достонҳои воқеъии дилрешкунанда аз зиндагии занони тоҷик зиёд аст, заноне, ки на ба қавли худи тоҷикон бероҳагардӣ кардаанд ва баъзе аз онҳо, ҳамон рустояшонро боре ҳам тарк накардаанд.

Подоши вафодорӣ: ВИЧ СПИД

Бемории ВИЧ-ро ин занони бемор аз ҳамсарони муҳоҷирашон гирифтаанд, ки бо ҳадафи таъмини хонавода ба Русия рафта ва аз онҷо ба ҷойи пул барои занону фарзандонашон дарду ғам овардаанд. Ҳоло дар Тоҷикистон бино ба омори расмӣ, дар миёни бештар аз 2300 нафар гирифторони вируси норасоии масунияти бадан дар Тоҷикистон бештар аз 450 нафари онҳо занонанд ва занони обистан низ дар миёни онҳо кам нестанд.

Севара Комилова, раҳбари созмони ғайриҳукуматии “Гули Сурх”, ки ба модарони гирифтори ВИЧ СПИД кӯмак мекунад, дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “То имрӯз 140 нафар зане ҳаст, ки 40 нафарашон таваллуд кардаанд ва бино ба омори маркази мубориза ва ҷилавгирӣ аз бемории вируси норасоии масунияти бадан, бисёре аз онҳо то охири ҳамин сол тавваллуд мекунанд”.

Мояи нигаронӣ ҳам ин аст, ки аксарияти ин занон ба ғайр аз шавҳарони худ дигар бо касе ҳамхоба нашудаанд. Бино ба омори расмӣ, аз миёни 51 зани обистан, ки дар солҳои 2004 то 2009 дар Тоҷикистон бемориашон кашф шудааст, танҳо 6 нафарашон заноне будаанд, ки бо чанд нафар ҳамхоба шудаанд. Вале ба гуфтаи мусоҳибонам ҷомеа ба ҳамаи онҳо ба як чашм менигаранд, ки гӯё ҳамаи модароне, ки ба ВИЧ гирифтор шудаанд, танфӯрӯшӣ кардаанд. Яъне ин занон на танҳо аз бемории ВИЧ, балки аз табъиз ва муносибати бади атрофиён ҳам ранҷ мекашанд, агарчӣ ҳамсари вафодори шавҳари худ будаанд ва аз он ҷуфти хиёнаткори худ, ВИЧ-ро подош гирифтаанд. Саёҳат, ки бинобар заъиф будани масунияти баданаш, бисёр вақт мӯҳтоҷи кӯмаки табибон мешавад, ба ғайр аз таҳаммули табъиз ва кинояву заҳр заданҳо дигар илоҷе надорад.

Ӯ мегӯяд: “Як дафъа барои ташхиси хунам дар бемористон маблағ пурсиданд, гуфтам, ки ҳоло пул надорам. Гуфтанд, д..... метавонӣ, вале пул дода наметавонӣ. Онҳо тавре ба ман нигоҳ карданд, ки гӯё ман фоҳиша бошам.“

Гирифторони ВИЧ СПИД табъиз мешаванд

Манижа Ҳаитова, раҳбари Маркази саломатии рӯҳӣ ва Вич-СПИД дар Душанбе
Манижа Ҳаитова, раиси Маркази саломатии рӯҳӣ ва ВИЧ СПИД, мегӯяд, як мушкили аслии занони мубталои ҳамин беморӣ табъиз ва ҳазар кардани ҷомеа аз онҳост ва бахусус дар шифохонаҳо: “Ин занон ба хадамоти тиббии муносибу босифат ниёз доранд, вале мутаасифона вақте ба шифохона мераванд, бемориашонро пинҳон медоранд, зеро онҳо бештар аз тарафи кормандони тиббӣ табъиз мешаванд."

Моҳистон, ки кораш ба шифохонаҳо бисёр меафтад, чунин мегӯяд: “Вақте ба шифохонаҳо меравем, медонед, чӣ гуна муносибати дурушт мекунанд. Ҳатто бо шумо гап задан ҳам намехоҳанд. Муносибаташон бо мо бисёр бад аст.”

Аз тарси ҳазар кардани табибон, модарони гирифтор бемории худ ва фарзандонашонро пинҳон медоранд, ки ин метавонад, бо марги фарзанд ё модари ӯ анҷом ёбад. Манижа Ҳаитова, ки созмони онҳо ба бештар ба 150 зану кӯдаки бемор кӯмак мекунад, мегӯяд, баъзан табибон бо занони гирифтор ба ВИЧ ва ё фарзандони онҳо доруҳоеро тавсия мекунанд, ки барои бемор на дармонбахш, балки зиёновар аст. Бино ба як назархоҳӣ дар Тоҷикистон, танҳо бештар аз 60 дар сади кормандони тиббӣ ҳозир будаанд, ба гирифтори бемории ВИЧ СПИД чун дигар беморони маъмулӣ кӯмак кунанд. Чизи дигаре, ки занони гирифтори ВИЧ СПИД дар Тоҷикистон аз он ранҷ мекашанд, зӯроварӣ ва муносибати бади аъзои хонавода аст, ки ин муносибат ҳам баъзан барои беморон кушанда аст.

Манижа Ҳаитова мегӯяд: “Ба мо баъзан заноне муроҷиат мекунанд, ки қасди худкушӣ кардаанд. Онҳо мавриди зӯроварии хонаводаи шавҳар қарор мегиранд. Хонаводаи шавҳар, баъди онки фаҳмиданд, зану фарзанд гирифтори бемории масунияти бадан ҳастанд, бо онҳо зӯроварӣ ва бадрафторӣ мекунанд ва баъзан кор то ба ҳадде мерасад, ки баъзе занон ба андешаи худкушӣ меафтанд ва ба созмони мо бисёр вақт чунин занон муроҷиат мекунанд. “

Ин гуфтаро як пажӯҳиши махсуси сиёсати Тоҷикистон дар заминаи ҷилавгирӣ аз бемории ВИЧ СПИД низ таъйид мекунад, ки дар он омадааст, табъиз алайҳи модарону кӯдакони мубталои ин беморӣ бештар аст. Дар ин пажӯҳиш мехонем, ки аз ҳар се як нафар пурсидашуда, гуфтаанд, бояд афроди гирифтори ВИЧ аз ҷомеа ҷудо нигаҳ дошта шаванд. Ва 50 дар сади худи гирифторони ВИЧ ҳам дар назархоҳие гуфтаанд, ки зимни муроҷиат барои кор, муроҷиат ба шифохонаҳо, мақомоти умури дохила ва маориф ба табъиз дучор шудаанд.

Талошҳо барои монеъ шудан ба табъиз ва густариши ВИЧ

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, барои монеъ шудан ба табъизи беморони ВИЧ СПИД ва ҷилавгирӣ аз густариши ин беморӣ дар кишвар, барномаҳои зиёде иҷро мекунанд, ки яке аз онҳо барномаи миллии ҷилавгирӣ аз бемории СПИД барои солҳои 2007-2010 буд, ки такмил шуд ва ҳоло барнома барои солҳои 2011 то 2015 мавриди иҷро қарор мегирад.

Даврон Кунгуротов, мудири маркази ҷилавгирӣ аз бемории ВИЧ СПИД дар вилояти Хатлон мегӯяд, як бахши муҳими барномаи онҳо монеъ шудан ба густариши беморӣ дар миёни муҳоҷирон ва хонаводаҳост: “Яке аз самтҳои афзалиятноки барнома, кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ, бо занони ҳомила, бо гурӯҳҳои хос, махсусан нашъамандони тазриқӣ ва заноне, ки хидмати шаҳвонӣ мерасонанд, равона шудааст.”

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, хатари густариши бемории ВИЧ СПИД дар кишварро дарк мекунад, ки бино ба тахминҳо теъдоди мубталоёни он то ба 10 ҳазор нафар мерасад. Теъдоди занони тоҷике, ки аз муҳоҷирон сироят шудаанд аз 2800 то ба 3200 нафар тахмин мешавад. Дар ин миён назарсанҷии дигаре нишон додааст, ки тайи се соли ахир назари мардум нисбат ба мубталоёни ВИЧ-СПИД тағйир хӯрдааст. Дар ин назарсанҷӣ, ки дар миёни беш аз 4 ҳазор ҷавон, афроди олуда ба вируси норасоии масунияти бадан ва намояндагони табақаҳои гуногун анҷом шудааст, беш аз 60 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки нисбат ба афроди гирифтор ба бемории мазкур “муносибати одӣ ва хайрхоҳона” доранд.

Ба гуфтаи коршиносон, агар табъиз алайҳи гирифторони ВИЧ СПИД идома кунад, беморонро ба пинҳонкорӣ мебарад, назорат, сабту дармони онҳо ва ҷилавгирӣ аз бемориро мушкилтар мекунад. Беморие, ки бе ин ҳам дар Осиёи Марказӣ назар ба дигар гӯшаҳои ҷаҳон бо суръат доман паҳн карда ва ба гуфтаи Созмони Милал метавонад, ояндаи кишварҳои минтақа аз ҷумла Тоҷикистонро ба хатари ҷиддӣ дучор кунад. Пажӯҳишгар Светлана Анкер, ки хатари густариши бемории ВИЧ СПИД дар Осиёи Марказиро таҳқиқ кардааст, менависад, барои кишварҳои кӯчаки минтақа, ки аҳолии зиёд надоранд, имконоти молӣ ва фанниашон маҳдуд аст, густариши як дар садии бемории ВИЧ СПИД, барои арсаҳои башарӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва дар маҷмӯъ зиндагии кулли мардуми он кишвар паёмадҳои ниҳоят бад дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG