Пайвандҳои дастрасӣ

Муаммар Қаззофӣ бори дигар лаб ба сухан кушуд ва гуфт бо мухолифон меҷангем ва бар онҳо пирӯз мешавем.

Муаммар Қаззофӣ, ки назорати бахши умдае аз кишварро аз даст додааст, дар майдои Хазрои Троблус дар миёни ҳаводоронаш гуфт: «Бо онҳо меҷангем ва бар онҳо ғалаба мекунем.» Муаммар Қаззофӣ аз болои сохтмоне дар майдони Хазро дар Троблус аз ҳаводорош хост, ки аз Либия дифоъ кунанд.

Муаммар Қаззофӣ гуфт: "Бирақсед...бихонед ва омода шавед... ин бисёр беҳтар аз дурӯғҳо ва таблиғоти арабӣ аст."

Сарҳанг Қаззофӣ афзуд: "Ман дар миёни мардум ҳастам... мо меҷангем... мо онҳоро шикаст хоҳем дод... мо ҳар гуна мутаҷовизи хориҷиро шикаст хоҳем дод."

Муаммар Қаззофӣ ҳамчунин тасреҳ кард, ки агар лозим шавад аз ҳама анборҳои муҳимот барои ҷанг бо мухолифонаш истифода хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол як мақоми баланпояи фаронсавӣ дар умури ҳуқуқи башар эълом кард, ки шумори кушташудагон дар Либия мумкин аст ба марзи 2000 нафар расида бошад.

Хабаргузориҳо гузориш кардаанд, ки рӯзи ҷумъа нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ ба муътаризоне, ки намози ҷумъаро тарк мекарданд тирандозӣ карда ва чандин нафарро аз пой даровардаанд.

Қаззофӣ рӯзи панҷшанбе дар як гуфтугӯи телефонӣ бо яке аз шабакаҳои Либия, танзими Ал-Қоидаро муҳаррики эътирозҳои кишвар унвон карда буд. Вай ҳамчунин ҷавонони кишварро, ки дар эътирозҳо ширкат доштанд , авбош ва нашъаманд хонд, ки фиреб хӯрдаанд.

Муаммар Қаззофӣ пештар дар хонаи худ, ки тавассути Амрико бомбаборон шуда буд, дар як паёми телевизионии як соата таъкид кард, ончи, ки дар Миср ва Тунис иттифоқ афтод, дар Либия рух нахоҳад дод ва ӯ дар ҳамин кишвар хоҳад мурд.

Сарҳанг Қаззофӣ ҳамчунин хиттоб ба мардуми шаҳри Зовия гуфта буд, ки хостаҳои онҳо хостаҳои худашон нест балки хостаҳои Усома бин Лодин аст.
Вай ҳамчунин шабакаи Ал-Қоидаро муттаҳам кард, ки миёни ҷавонон маводи мухаддир пахш карда ва онҳоро ба хидмат гирифтааст.

Сарҳанг Қаззофӣ ҳаммонанди писараш Сайфулислом ба мардум ҳушдор додааст, ки агар кишвар ба дасти исломгароёни Ал-Қоида биуфтад, Амрико ба ин баҳона кишварро ишғол хоҳад кард ва бори дигар Либия ба даврони истеъмор боз мегардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG