Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 200 тазоҳургар дар Карбало


Ба иттилоъи мақомоти Ироқ, кормандони полис дар шаҳрҳои Ҳавиҷа ва Мосул сӯи тазоҳургарон дар ҳоле оташ кушоданд, ки онҳо талоши ғасби биноҳои ҳукуматиро доштанд. Дар ин ҳодиса панҷ кас кушта ва чандин нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Дар шаҳри Карбало, воқеъ дар 90 километрии Бағдод, баъд аз задухӯрд бо полис тақрибан 200 нафар, аз ҷумла, чанд хабарнигор боздошт шуданд.

Дар майдони марказии Бағдод низ ҳазорҳо эътирозгарон ҷамъ омадаанд. Нерӯҳои амниятӣ хиёбонҳои атрофи майдонро таҳти назорат гирифтаанд ва аммо намоиш осоишта ҷараён дорад.

Эътирозгарони ироқӣ дар "Рӯзи ғазаб" хостори ислоҳоти иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор шуданд ва ва алайҳи фасод дар мақомоти давлатӣ садо баланд карданд.

Сарвазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ қаблан эълом дошт, ки намоишҳоро ҷонибдорони раҳбари пешини Ироқ Саддом Ҳусейн ва мусаллаҳони “Ал-Қоида” созмон додаанд.
XS
SM
MD
LG