Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Регар-ТадАЗ” аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд


Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бозии охирини сабқати гурӯҳиро дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон бо тими “Марв”-и Туркманистон бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол анҷом дод.

Ин бозӣ 25-уми феврал дар варзишгоҳи “Ободон”-и шаҳри Ободон баргузор шуд. Амонмуҳаммад Чориев, шореҳи варзиш, аз шаҳри Ободон тавассути телефон, ба радиои Озодӣ гуфт: “Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон барои бори 17-ум баргузор шудааст ва дар ин муддат ҳамагӣ 80 даста аз 20 кишвар ширкат кардаанд. Имсол дар мусобиқа чаҳор тими ҷадид, аз он ҷумла “Регар-ТадАЗ” ширкат варзид. Ин даста ба мо писанд омад, дастаи хуб ва собит аст. Вале дар бозии даври аввал кораш омад накард ва аз “Небитчӣ”-и Балканобод бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Дар бозии дуввум бар тими “Шексна”-и Русия бо ҳисоби 1:0 пирӯз гашт. Дар бозии севум бо тими “Марв” футболбозони тоҷик кӯшиши зиёд карданд, вале гол зада натавонистанд. Мусовӣ футболбозони туркманро қаноатманд кард ва онҳо ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд”.

Ҳамин тариқ “Регар-ТадАЗ” бо 4 имтиёз дар гурӯҳи “В” мақоми севумро гирифт ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон ва мукофотпулӣ маҳрум гашт. Аз ин гурӯҳ дастаҳои “Небитчӣ” ва “Марв” ба даври ниманиҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Дар гурӯҳи “А” дастаи “Ганҷасар”-и Арманистон, ки дар ҳарсе бозӣ ғолиб шуд, бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Тими “Алтин асир”-и Туркманистон бо 6 имтиёз дуввум шуд. Ҳарду даста ба нимфинал баромаданд.

Даври нимфиналӣ 26-уми феврал, бозӣ барои ҷои севум ва бозии ниҳоии Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон 28-уми феврал баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG