Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои амниятии Либия сӯи эътирозгарон оташ кушоданд


Дар канори шарқии Триполӣ, пойтахти Либия, нерӯҳои амниятӣ сӯи эътирозгарон оташ кушоданд. Франс-Пресс бо такя ба иттилоъи шоҳидон навиштааст, ки дар ин ҳодиса дасти кам ду нафар кушта шудаанд.

Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ дар канори ғарбии пойтахт ҳам эътирозгаронро тирборон кардаанд. Тибқи як итилоъи дигар, дар шаҳри Аҷабия, воқеъ дар шарқи Либия, полису артиш бо эътирозгарон пайвастанд. Нашрияи “Фигаро” чопи Порис хабар додааст, ки ахиран шаҳри Зауия, воқеъ дар 50-километрии ғарби Триполӣ таҳти назорати ошӯбгарон қарор гирифт.

Навӣ Пиллэй, раиси Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз хушунати режими Муаммар Қаззофӣ дар баробари эътирозгарон дар Либия изҳори нигаронӣ кард. Зимни суханронӣ дар ҷаласаи вижаи Шӯрои ҳуқуқи башар дар Женева ӯ хабар дод, ки дар ҷараёни саркӯбсозии намоишҳои зиддиҳукуматӣ дар Либия ҳазорон нафар куштаву маҷрӯҳ шудаанд.

Аз ин пеш ИМА хостори аз Шӯрои ҳуқуқи башар ихроҷ намудани Либия шуда буд.

Қарор аст, ки имрӯз Шӯрои амнияти СММ мавзӯъи эъмоли таҳримҳо болои режими Муаммар Қаззофиро баррасӣ кунад. Бастаи таҳримҳо - манъи вуруди мансабдорони воломақоми ҳукумати Либия ба дигар мамолик, мунҷамид сохтани ҳисобҳои бонкии онҳо, манъи фурӯши силоҳ ба кишвар ва барои парвози ҳавопаймоҳо мамнӯъ эълони шудани ҳарими ҳавоии Либияро дар назар дорад.

Имрӯз Шӯрои НАТО низ дар нишасте бо ширкати сафирони кишварҳои узви паймон ба баррасии мавзӯъи авзоъ дар Либия мепардозад.
XS
SM
MD
LG