Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии як фармондеҳи собиқи ИНОТ аз маҳбас


Фатҳулло Хайриддинов-мулаққаб ба "эшони Дароз", аз собиқ фармондеҳони ИНОТ пеш аз анҷоми давраи ҷазо, шартан озод шудааст.

Вай ки то лаҳзаи боздошташ гурӯҳи зудамали вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ноҳияи Ваҳдатро раҳбарӣ менамуд, дар соли 2008 аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуда буд.

Тоҷиддин Хайриддинов, падари Фатҳулло Хайриддинов хабари озодии шартии фарзанди худ аз зиндонро тасдиқ карда гуфт, ки Фатҳулло бақия мӯҳлати ҷазоро дар режими озод ба сар мебарад.

Тибқи иттиллои дарёфтӣ аз манобеи наздик ба додгоҳ, ҳамчунин Назар Ёрмуҳаммадов, яке дигар аз фармондеҳони таҳти итоати Мирзо Зиёев-собиқ фармондеҳи кулли Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик низ аз зиндон бо шароити хос озод шуда ва инак беш аз як ҳафта аст, ки дар ҳалқаи пайвандон ба сар мебарад.

Вале бар пояи ахбори расида, ин ду тан муваззафанд ҳамвора аз маҳалли буду боши худ ниҳодҳои интизомии кишварро мутталеъ созанд ва иҷозаи хуруҷ аз қаламрави Тоҷикистонро низ надоранд. Ва бар изофа, ин ду фармондеҳи пешин ӯҳдадоранд маоши моҳонаи худро ба ҳисоби давлат бигузаронанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон дар пайи баррасии шикояти бархе аз афроде, ки ба иттиҳоми ширкат дар ҳаводиси тобистони соли 2009 дар Тавилдара , ки дар ин ҳодиса Мирзо Зиёев ва чанде аз вафодорони ӯ кушта шуданд, мӯҳлати ҷазои онҳоро коҳиш додааст.

Санавбар Холова, додраси Додгоҳи олииТоҷикистон, ки ҳамзамон узви мушовараи ҳайати мунсифаи ин додгоҳ аст, дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфт, айбҳо ва ҷароиме, ки ба ин афрод нисбат дода мешуд таъйиди худро наёфтанд ва ҳайати мунсифа Абдусамад Зиёев, бародари Мирзо Зиёев ва Маҳсиддин Муҳиддиновро бегуноҳ шуморида ва хатти бароти онҳоро таъйид кард ва худи онҳоро аз толори додгоҳ раҳо кардааст.

Саймуддин Дӯстов, коршиноси тоҷик
Раҳоии бархе аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифини тоҷик аз зиндон дар ҳоле сурат мегирад, ки коршиносон аз тағйири муносибати ҳукумат бо онҳо сӯҳбат мекунанд. Саймиддин Дӯстов, коршиноси тоҷик мегӯяд, фикр намекунад, ки ин тарзи бархурд дар пайи ҳаводиси бавуқӯъпайваста дар кишварҳои арабӣ сурат гирифта бошад. Вале ӯ мегӯяд мусаллам аст, ки дар иттихози чунин қарорҳо наметавон ҳамоҳангӣ бо мақомоти сиёсии кишварро сарфи назар кард.

Ва аммо Фатҳулло Хайриддинов, мулаққаб ба Эшони Дароз дар соли 2007 барои даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир, чандҳамсарӣ ва сӯиистифода аз мақоми давлатӣ муҷрим шинохта шуда буд. Ӯ дар солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-1997-и Тоҷикистон яке аз фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳи оппозисиюни тоҷик дар ноҳияи Ваҳдат буд, ки ба қумандони дигари оппозисиюни тоҷик Мулло Абдулло итоат мекардааст. Вале ӯ ба рағми Мулло Абдулло, ки шароити сулҳ бо ҳукуматро напазируфта буд бо ҳукумат созиш карда ва то замони боздошташ дар бахши умури дохилаи ноҳияи Ваҳдат фаъолият кардааст.
XS
SM
MD
LG