Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати эътирозгарон дар Мосул ва Ҳавиҷа


Дар Ироқ бар асари бархӯрди эътирозгарон бо кормандони полиси шаҳрҳои Ҳавиҷа ва Мосул, ба навиштаи хабаргузорҳо, аз ду то панҷ нафар кушта шудаанд. Чандин нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтаанд.

Эътирозгарон дар Бағдод ва шаҳрҳои бузурги Ироқ ҷамъ омада хостори ислоҳоти иқтисодӣ, беҳсозии хадамоти комуналӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор шуданд ва ва алайҳи фасод дар мақомоти давлатӣ садо баланд карданд.

Дар Бағдод чораҳои амниятӣ тақвият дода, дар хиёбонҳои атрофи майдони марказӣ низомиён мустақар шудаанд.

Аз ин пеш нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ эълом дошт, ки намоишҳои эътирозӣ аз сӯи ҷонибдорони раҳбари пешини Ироқ Саддом Ҳусейн ва шабакаи “Ал-Қоида” созмон дода шудаанд. Раҳбарони гурӯҳҳои шиамазҳаб низ аз мардум даъват намуданд, ки дар ин намоиш ширкат накунанд.
XS
SM
MD
LG