Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар "Рӯзи ғазаб" ҳазорон ироқиҳо ба хиёбонҳо рехтанд


Дар Бағдод ва дигар шаҳрҳои Ироқ ҳазорҳо нафар дар намоишҳои эътирозии “Рӯзи ғазаб” ширкат мекунанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо бар асари бархӯрди эътирозгарон бо кормандони полис дар шаҳрҳои Ҳавиҷ, Киркук ва Мосул чандин нафар куштаву маҷрӯҳ шудаанд.

Эътирозгарон хостори ислоҳоти иқтисодӣ, беҳсозии хадамоти комуналӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор шуда, алайҳи фасод дар мақомоти давлатӣ садо баланд кардаанд.

Дар Бағдод чораҳои амниятӣ тақвият дода шудаанд. Дар хиёбонҳои атрофи майдони марказӣ низомиён мустақаранд.

Сарвазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ аз ин пеш эълом дошт, ки намоиш аз сӯи ҷонибдорони раҳбари пешини Ироқ Саддом Ҳусейн ва шабакаи “Ал-Қоида” созмон дода шудааст. Раҳбарони гурӯҳҳои шиамазҳаб низ аз мардум даъват намуданд, ки дар ин намоиш ширкат накунанд.
XS
SM
MD
LG