Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои ҳуқуқи башари СММ Либияро аз Шӯро берун мекунад


Шӯрои амнияти СММ имрӯз мавзӯъи эъмоли таҳримҳо болои режими Муаммар Қаззофӣ ба хотири хушунаташ алайҳи тазоҳургарони осоиштаро баррасӣ мекунад.

Бастаи таҳримҳо - манъи вуруди мансабдорони воломақоми ҳукумати Либия ба дигар мамолик, мунҷамид сохтани ҳисобҳои бонкии онҳо, манъи фурӯши силоҳ ба кишвар ва минтақаи барои парвози ҳавопаймоҳо мамнӯъ эълони шудани ҳарими ҳавоии Либияро дар назар дорад.

Имрӯз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ низ дар нишасти махсус мавзӯъи аз ин Шӯро ихроҷ намудани Либияро баррасӣ хоҳад кард. Қарор аст, ки дар ин нишаст дар шаҳри Женева Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, ширкат кунад. Филипп Кроулӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, дар робита ба мавқеъи кишвараш дар ин мавзӯъ ба хабарнигорон гуфт, ки "мо аз ихроҷи Либия аз Шӯрои ҳуқуқи башар пуштибонӣ мекунем. Мақомоти Либия ҳуқуқҳои мардуми худро поймол намуданд ва ихроҷи Либия инзивоъи ҳукумати Либияро амиқтар хоҳад кард".

Дирӯз Муаммар Қаззофӣ дар бенизомиҳо дар кишвар ҷавононеро муттаҳам намуд, ки, ба гуфтаи ӯ, зери таъсири шабакаи “Ал-Қоида” мондаанд.

Айни ҳол нерӯҳои зиддиҳукуматӣ бештари манотиқи шарқии Либияро таҳти назорат гирифтаанд. Бар пояи хабарҳо, нерӯҳои содиқ ба Қаззофӣ ба мавқеъҳои ошубгарон ҳамла карда талош доранд, ки онҳоро аз манотиқи забткардаашон берун кунанд.
XS
SM
MD
LG