Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ, дар робита ба тасмими баргузории намоиши зиддиҳукуматӣ қуюди шабгардӣ эълон шуд. Бо вуҷуди даъвати мақомот барои даст бардоштан аз ин намоиш садҳо нафар дар майдони марказии Бағдод ҷамъ омаданд.

Сарвазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ аз ин пеш эълом дошт, ки намоиш аз сӯи ҷонибдорони раҳбари пешини Ироқ Саддом Ҳусейн ва шабакаи “Ал-Қоида” созмон дода шудааст. Раҳбарони гурӯҳҳои шиамазҳаб низ аз мардум даъват намуданд, ки дар ин намоиш ширкат накунанд.

Даъвати баргузории “Рӯзи ғазаб” дар Бағдод дар интернет нашр шуда буд.
Тайи чанд ҳафтаи ахир дар Ироқ намоишҳо алайҳи фасоду бекорӣ ва бо талаби беҳтар намудани хадамоти коммуналӣ баргузор шуданд.
XS
SM
MD
LG