Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ирландия парлумони навро интихоб мекунад


Брайан Коуэн ба пирӯзӣ бовар надорад

Брайан Коуэн ба пирӯзӣ бовар надорад

Имрӯз дар Ирландия интихоботи парлумонӣ мегузарад. Барои 165 курсии парлумон 566 нафар талош мекунанд, ки бештари онҳо номзадҳои мустақиланд.

Тасмим дар бораи интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ баъди он гирифта шуд, ки эътилофи ҳоким аз байн рафт ва сарвазир Брайан Коуэн мақоми раҳбари ҳизби “Фианна Файл” –ро тарк намуд.

Нуфузи ҳукумат ва сарвазир баъди он поён рафт, ки Дублин ба хотири бурунрафт аз бӯҳрони шадиди молиявӣ хостори кӯмаки Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилали пул шуд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки барои пирӯзӣ дар интихобот ҳизби мухолифи “Фине Гэл” шонсҳои беҳтар дорад.
XS
SM
MD
LG