Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи таҷдиди назар ҳукми 29 нафарро коҳиш дод


Додгоҳи таҷдиди назари Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҷазои 29 тан аз маҳкумшудагонро коҳиш дода ду нафарро аз ҳабс озод кард. Санавбар Холова, узви ҳайати Додгоҳи таҷдиди назар дар сӯҳбат бо РО гуфт, ки баъди баррасии парвандаи маҳкумшудагон мӯҳлати ҷазои онҳо аз 5 то 8 солӣ кам карда шудааст.

Абдусамад Зиёев, бародари фармондеҳи собиқи мухолифони тоҷик Мирзо Зиёев ва Маҳсиддин Муҳиддинови 66-сола маҳбасро тарк хоҳанд кард.

Миёни афроди мӯҳлати ҳукмашон коҳишёфта як шаҳрванди Русия низ ҳаст.

Ин афрод соли гузашта аз сӯи Додгоҳии Олии Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар нооромиҳои шарқи кишвар дар тобистони соли 2009 ва ҳамдастӣ бо гурӯҳи Неъмат Азизов ва Мирзо Зиёев ба мӯҳлатҳои тулонӣ маҳкум ба зиндон шуда буданд.
XS
SM
MD
LG