Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи таҷдиди назари Додгоҳи олии Тоҷикистон ҷазои 29 тан аз маҳкумшудагонро коҳиш додааст.

Санавбар Холова, узви ҳайати Додгоҳи таҷдиди назар дар сӯҳбат ба РО ин хабарро таъйид карда ва гуфт, ки пас аз баррасии парвандаи маҳкумшудагон, мӯҳлати ҷазои онҳо аз 5 то 8 солӣ кам карда шудааст.

Аз ҷумла ду нафари онҳо ба шумули Абдусамад Зиёев бародари фармондеҳи собиқи мухолифони тоҷик Мирзо Зиёев ва Маҳсиддин Муҳиддинонви 66-сола озод шудаанд. Дар миёни ин афрод, ки мӯҳлати ҳукми онҳо коҳиш ёфтааст, як шаҳрванди Русия низ мебошад.

Ин афрод бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи августи соли гузашта маҳкум шуда буданд. Додгоҳ ин афродро бо иттиҳоми даст доштан дар нооромиҳои шарқи Тоҷикистон дар тобистони соли 2009 ва ҳамдастӣ бо гурӯҳи Неъмат Азизов ва Мирзо Зиёев дар тобистони соли гузашта аз озодӣ маҳрум карда буд.

Аз ҷумла, ду нафар аз ин гурӯҳ ба ҳабси якумрӣ, 23 нафар ба мӯҳлати 30 сол ва боқимонда аз 10 то 27 сол маҳкум шуда буданд

Манобеи Додгоҳи олӣ он вақт гуфта буданд, ки дар ин миён аз ҷумла 6 нафар аз маҳкумшудагон шаҳрвандони Русия буданд, ки панҷ тан аз онҳо ба мӯҳлати 19 ва як нафар ба мӯҳлати 30 сол ба зиндон маҳкум шудаанд.

Муҳокимаи ин афрод ба мулоҳизоти амниятӣ пушти дарҳои баста сурат анҷом шуда буд.

Дар даргириҳои шарқи Тоҷикистон дар тобистони соли гузашта Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирорӣ ва фармондеҳони кулли собиқ нерӯҳои мусаллаҳи мухолифи давлат кушта шуд.

Тавилдара дар тобистони соли гузашта

Тавилдара саҳнаи аслии ҷанги дохилии дар Тоҷикистон дар солҳои 1992 – 1997 буд ва бори дигар дар баҳору тобистони соли 2009 шоҳиди муқовимати мусаллаҳона шуд.

Мақомоти расмӣ дар ибтидо ҳар гуна хабар роҷеъ ба ҳаводиси Тавилдараро такзиб мекарданд ва ҳаракати нерӯҳо ва таҷаммӯъи ҷузвутомҳои низомӣ дар шарқи Тоҷикистонро як ҳаракати барномавии нерӯҳо унвон намуданд.

“Кӯкнор – 2009”- баҳона

Дар моҳи майи 2009 як афсари вазорати дифоъ, аз тири афроди мусаллаҳ дар шарқи Тоҷикистон кушта шуд ва нигарониии мардуми маҳал афзоиш ёфт ва мақомот аз ҳузури унсурҳои ҷиноие, ки ба қочоқи маводи мухаддир машғуланд, эълон карданд.

Дар 20-уми моҳи майи соли 2009 Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон амалиёти “Кӯкнор-2009”-ро, як амалиёти саросарӣ эълон кард ва сухангӯи ин вазорат гуфта буд: “Бино бар маълумотҳои фаврӣ дар навоҳии водии Рашт киштукори маводи нашъадор ба назар гирифта шудааст”.

Ва ҳамин тавр, ривояти расмии фиристодани нерӯҳои ҳарбӣ ба Тавилдара, аввал мубориза бо кишти кӯкнор ва баъдан бо гурӯҳҳое эълон шуд, ки мехостанд, роҳи қочоқи маводи мухаддирро тавассути шарқи Тоҷикистон, ба ҷануби Қирғизистон зери назар қарор диҳанд.

Бино ба ахбори манобеъи расмӣ, ҳадафи ин гурӯҳ аз зери назар қарор додани роҳи қочоқи маводи мухаддир ба даст овардани фоидаи молӣ ва дар навбати дигар масрафи ин фоида ба манзури таъмини молии нерӯҳои мухолиф ва мусаллаҳи зидди давлат будааст.

Аъзои ин гурӯҳи мусаллаҳ ва раҳбари онҳо, ки Неъмат Азизов, аз фармондеҳони пешини мухолифи давлат унвон шуд, ҳаргиз роҷеъ ба аҳдоф ва барномаи худ бо матбуот ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ сӯҳбате накарда буданд.

Қатли Мирзо Зиёев

Мақомот ҳузури нерӯҳои мусаллаҳ дар Тавилдараро рад мекарданд, аммо борҳо ба воситаҳои мухталиф вориди гуфтугӯ бо ин гурӯҳ шудаанд.

Мирзо Зиёев, вазири пешини умури изтирорӣ ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи мухолифони собиқ борҳо паёми ҳукумат ба ин гурӯҳро оварда буд. Вале мушкил ҳамчунон боқӣ монд.

Рӯзи 8 -уми июли соли 2009 аз ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба як посгоҳи нерӯҳои давлатӣ хабар дода шуд. Ин нахустин бархурди рӯбарӯи нерӯҳои давлат бо ин гурӯҳи мусаллаҳ буд. Ба думболи он, хабари пайвастани Мирзо Зиёев ба нерӯҳои мусаллаҳи бо сардории Неъмат Азизов тавассути расонаҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон эълон шуд.

Талоши ин нерӯҳо барои тасарруфи маркази маъмурии ноҳияи Тавилдара ноком шуд. Ва рӯзи 11-уми июл хабари боздошт ва ё ба таъбири дигар таслими Мирзо Зиёев ба дасти нерӯҳои давлатӣ расид.

Рӯзи 12 -уми июл хабари қатли мармузи Мирзо Зиёев нашр шуд. Мақомоти расмӣ зимни баёнияе гуфтанд, ки Мирзо Зиёев мехост барои гуфтушунид ба назди Неъмат Азизов биравад ва ӯву гурӯҳашро барои таслим мутақоид кунад, вале аз тири ҳамсафони собиқи худ кушта шуд.

Бо куштани шудани Мирзо Зиёев аксари нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ ба оҳистагӣ аз минтақа хориҷ мешуданд.

Аммо таъқиби Неъмат Азизов ва аъзои гурӯҳаш ҳамчунон идома дошт. Неъмат Азизов, ки дар амалиёти рӯзи 8-уми июл захмӣ шуда буд, то пои ҷон таслим нашуд.

Бародарони Неъмат Азизов, ки узви дастаи ӯ буданд, баъди маргаш, бо миёнҷигарии модарашон худро таслими нерӯҳои давлатӣ карданд.

Натиҷаи амалиёти "Кӯкнор-2009"

Дар маҷмӯъ дар амалиёти “Кӯкнор-2009” 11 нафар, аз ҷумла 5 шаҳрванди Русия кушта ва даҳҳо нафар низ зимни ин амалиёт боздошт шуданд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Русия, Афғонистон ва Узбакистон низ буданд.

Ба иттилои расмӣ ва ғайрирасмӣ, дар ин зимн ҳамчунин чанд нафар узви ҲИУ, ки мехостанд аз марзи Афғонистон ва Тоҷикистон убур кунанд ва ба нерӯҳои Тавилдара ҳамроҳ шаванд, низ боздошт шуданд .

Баъдтар Мирзо Зиёев ва ҳамроҳони собиқаш ба навъе дар сӯиқасд ба низоми давлатӣ ҳам муттаҳам шуданд.

Ҳаводиси соли гузаштаи Тавилдара то кунун таҳлили ҷиддии коршиносӣ нашуда ва баҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ низ нагирифтааст. Ба ин далел, суолҳое дар зеҳнҳо ҳамчунон матраҳ аст, ки посух мехоҳанд.

Баъдан доираҳои расмӣ ин фарзияро пеш гузоштанд, ки гурӯҳи мусаллаҳи Неъмат Азизов бо ҷамъ овардани унсурҳое ҷиноӣ дар атрофи худ мебоист пойгоҳи мухолифат бо ҳукумати марказиро таъсис мекард.

Фарзияҳои ҳаводиси Тавилдара

Таҳлилгарони он ҳаводис мегӯянд, агарчанд Мирзо Зиёев то замони қатлаш меҳмондор ва роҳбалади ҳамаи ҳайатҳои ҳукуматӣ ва генералҳое буд, ки барои қазияи баҳору тобистони гузашта ба Тавилдара меомаданд, аммо акнун маълум шуда, ки ӯ намедонист, кайҳо эътимоди мақомоти сиёсии давлатро аз даст дода будааст.

Ва мақомот интизори фурсати бӯҳроние буданд, ки ҳамроҳии Зиёев бо ин гурӯҳи мусаллаҳ дақиқан собит шавад.

Коршиносон мегӯянд, баёнияи расмӣ дар мавриди аъмоли ин гурӯҳи мусаллаҳ ва қасди онҳо барои роҳандозии иқдомоти зидди давлатӣ низ ин фарзияро тақвият мекунад.

Аммо ин ҳаргиз собит нашуда ва марг низ ин фурсатро аз Мирзо Зиёев гирифт, ки иттиҳомоти алайҳашро рад кунад ва ё бигӯяд, ки қасдаш аз ҳамроҳӣ бо ин гурӯҳ, дар воқеъ чӣ буд.

Чизе мусаллам аст, ин аст, ки Мирзо Зиёев аз замони барканорияш аз вазорат Тавилдараро мақари зисти худ қарор дода буд ва дар кунҷи дилаш, ба ҳар сурат, аз амнияти худ дар Душанбе нигаронӣ дошт.

Фарзияи дигар ҳам ноором сохтани шарқи Тоҷикистон ба далели маътал кардани барномаҳои энержии кишвар унвон мешуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG