Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳокими худхоҳи Либия Муаммар Қаззофӣ дирӯз аз аҳли шаҳри Зовия даъват кард, задухӯрдҳоро бас кунанд.

Қаззофӣ дар як сӯҳбати телефонӣ бо телевизиони давлатии Либия гуфт, хушунатҳо кори дасти ҷавононест, ки “таҳти таъсири маводи мухаддир монда” аз сӯи раҳбари шабакаи Ал-Қоида Усома бин Лодин дастур мегиранд: “Ман хеле умедворам, ки мардуми Зовия ҷангҳоро қатъ карда, фарзандони худро аз афроде, ки онҳоро ба ҷанг ҳидоят мекунанд, дифоъ хоҳанд кард. Зовия қаламравест, ки дар ҷанг алайҳи итолиёиҳо 1000 шаҳид додааст. Модари қабилаҳои мо низ Зовия аст. Хоҳиш мекунам, маро ноумед накунед.”

Даҳҳо кушта дар даргириҳои Зовия

Ин дар ҳолест, ки феълан набардҳои асосӣ байни нирӯҳои давлатӣ ва эътирозгарон барои касби назорат бар Зовия, воқеъ дар ҳамагӣ 50-километрии пойтахт, Троблус ва як маркази тавлиди нафт дар ғарби Либия идома доштаанд. Бино ба гузоришҳои қаблӣ, артиши Либия дар пайи аз маҳалли таҷаммӯъи худ даст кашидани тазоҳургарон, болои як масҷиди Зовия аз мусалсалҳо оташ кушода, ҳатто гулӯлаҳои зиддиҳавоӣ шиллик кардааст. Associated Press аз қавли шоҳидон дар шаҳри Зовия хабар дод, ки бар асари ин ҳамла манораи масҷид тахриб шуда, теъдоди зиёде аз эътирозгарони дар ин масҷид паноҳбурда қурбон шудаанд. Рӯзномаи либиёии “Қурина” навишт, ки дирӯз дар даргириҳои Зовия 23 нафар кушта шуданд. Як рӯз қабл, яке аз мушовирони Қаззофӣ бо номи Абдуллоҳ Миғроҳӣ ба Зовия омада, эътирозгаронро ҳушдор додааст, ки тарки масҷид кунанд, “вагарна шоҳиди қатли ом хоҳанд шуд.”

Густариши донанаи нооромиҳо ба Троблус

Сафири Либия дар Малта Саъдун Суайя вазъи кунунии кишварашро чунин тасвир мекунад: “Зоҳиран ғарби Либия сокиту собит аст. Ман имрӯз ба хонаводаам занг задам ва гуфтанд, ки Троблус хеле ором аст. Мардум дар Зовияву Сабрата низ машғули кори худанд. Аммо дар шарқи Либия, албатта, фикр мекунам, расман ҳам бояд таъйид шуда бошад, ки бахши аъзами ин минтақа таҳти назорати комили давлати марказӣ қарор надорад.”

Аммо бо вуҷуди аз дасти давлат рафтани назорати бахши аъзами кишвар, дар чанд рӯзи охир муқовимати нирӯҳои тарафдори Муаммар Қаззофӣ торафт шадидтар мешавад. Шарқи Либия феълан ба Троблус итоат намекунад ва воҳидҳои артиш дар ин манотиқ ба ҷониби мухолифини Қаззофӣ гузашта, бар манори тонкҳои худ парчамҳои сурху сиёҳу сабзи аҳди подшоҳиро афроштаанд. Қаззофӣ дар соли 1969 маҳз дар пайи барандохтани низоми подшоҳӣ ба қудрат расида буд. Раҳбарони қабоил ба хотири пӯшондани халои қудрат дар шарқи Либия, дар шаҳри Байзо як нишасти вижа даъват кардаанд.



Раҳбарони мухолифин мегӯянд, тазоҳургарон акнун ба касби назорат бар манотиқи ғарби Либия иқдом кардаанд ва ҳам имрӯз баъд аз намози ҷумъа дар пойтахт Троблус низ як раҳпаймоии густарда алайҳи ҳукумати 41-солаи Муаммар Қаззофӣ даъват шудааст.

Маҳкумияти байналмилалӣ

Бо ин ҳол, мавҷи маҳкумияти байналмилалии шеваи саркӯбии эътирозҳои Либия ва мавҷи даъватҳо барои иттихози иқдом алайҳи режими Қаззофӣ то рафт баландтар мешавад.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама бо раҳбарони Фаронсаву Бритониё ва Итолиё шеваҳои посух ба бӯҳрони пешомада дар кишвари нафтхези Либияро баҳс кардааст. Кохи Сафед гуфт, раҳбарон “ як силсила роҳҳоеро, ки Амрикову кишварҳои Аврупо ҷиҳати ба давлати Либия вогузор кардани масъулияти иқдомҳояш таҳия мекунанд”, ва ҳам ироаи кӯмакҳои башарӣ ба Либияро баррасӣ кардаанд. Обама ва ҳамтои фаронсавиаш Никола Саркозӣ дар як баёнияи муштарак ба қатъи “таъқиби давомдори ваҳшиёна ва хунин”-и эътирозгарон аз сӯи нирӯҳои содиқ ба раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ даъват кардаанд.

Шӯрои Амнияти СММ вазъи Либияро дар як нишасти ғайрирасмӣ баррасӣ кардааст ва шояд то 2 рӯзи дигар иҷлоси изтирории ин шӯро низ даъват шавад. Имрӯз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева низ ба баҳси бӯҳрони Либия хоҳад пардохт. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Филлип Кровлӣ гуфт, Вошингтон аз пешниҳоди ихроҷи Либия аз ҳайъати ин шӯрои бонуфуз ҳимоят мекунад: “Мо аз ихроҷи Либия аз Шӯрои ҳуқуқи башар пуштибонӣ мекунем. Давлати Либия ҳуқуқи мардумашро зери по кард ва чунин амал давлати Либияро ба инзивоъи бештар рӯбарӯ мекунад.”

Швейтсария дар ҳамин ҳол, ҷиҳати билофосила мунҷамид сохтани суратҳисобҳои марбут ба Қаззофӣ ва атрофиёни ӯ дар бонкҳои худ амр додааст. Лигаи давлатҳои арабӣ Либияро аз ҳаққи ҳузур дар нишастҳои ин паймони умдаи ҷаҳони Араб маҳрум кард. Конфронси кишварҳои исломӣ, ки 57 кишвари мусалмонии ҷаҳонро муттаҳид мекунад, низ шеваи бераҳмонаи саркӯбии эътирозҳо аз сӯи давлати Муаммар Қаззофиро ба боди тунди интиқод кашидааст. Ва дар ҷаҳон ҳарчӣ бештар даъватҳо ба эъмоли таҳримоти сангин алайҳи режими Қаззофӣ баланд мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG