Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони ҷаҳон буҳрони Либияро баҳс кардаанд


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама бо раҳбарони Фаронсаву Бритониё ва Итолиё шеваҳои посух ба буҳрони пешомада дар кишвари нафтхези Либияро баҳс кардааст.Кохи Сафед гуфт, раҳбарон “ як силсила роҳҳоеро, ки Амрикову кишварҳои Аврупо ҷиҳати ба давлати Либия вогузор кардани масъулияти иқдомҳояш таҳия мекунанд”, ва ҳам ироаи кӯмакҳои башарӣ ба Либияро баррасӣ кардаанд. Обама ва ҳамтои фаронсавиаш Никола Саркозӣ дар як баёнияи муштарак ба қатъи “таъқиби давомдори ваҳшиёна ва хунин”-и эътирозгарон аз сӯи нирӯҳои содиқ ба раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ даъват кардаанд. Қаззофӣ дирӯз дар як сӯҳбати телефонӣ ба телевизиони давлатӣ гуфт, дар паси ошӯбҳои ахири ин кишвар раҳбари шабакаи Ал-Қоида Усома бен Лоден истодааст.
Ин дар ҳолест, ки мухолифини режими 41-солаи Қаззофӣ то имрӯз назорати бахши бузурги шарқи Либияро ба даст оварда, мегӯянд, барои барандохтани ин режим ба сӯи пойтахт, шаҳри Троблус ҳаракат мекунанд.
XS
SM
MD
LG