Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон дар рӯбарӯи мушкилоти молист


Қирғизистон имсол ба мушкилоти ҷиддии молӣ дучор шудааст. Азамат Акелеев, як мақоми аршади вазорати молияи Қирғизистон ба парлумон гуфт, масрафоти соли ҷорӣ 450 миллион доллар касри будҷаро дар пай дорад, ки баробари 9 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишвари фақири Осиёи Марказист. Аммо Акелеев пешниҳоди боло бурдани молиётро радд кард ва гуфт, афзоиши андозҳо хатари сарпечӣ аз пардохти молиётро бештар мекунад. Ду ҳафта пеш Сандуқи байналмилалии пул аз Бишкек мӯҳтотона даъват кард, ки ба хотири мусоидат ба субот ва рушди кишвар фоизи молиётро баланд бардорад.
XS
SM
MD
LG