Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарордоди 35-миллиарддоллариро “Boeing” соҳиб шуд


“Boeing”, ширкати ҳавопаймосозии Амрико, рақиби аврупоияш – EADS, муассиси ширкати “Airbus”-ро шикаст дода, қарордоди 35-миллиарддолларии сохтани 179 ҳавопаймои сӯхткаш барои нирӯҳои ҳавоии Амрикоро ба даст овард. Ин навъи ҳавопаймо қодир аст, ҷангандаҳоро дар ҳаво такмили маводи сӯхт кунад. Тибқи нақша, ”Boeing” 18 ҳавопаймои нахустини сӯхткашро то соли 2017 ба нирӯҳои ҳавоии Амрико таслим хоҳад кард. EADS аммо барои талаби бозбинии ин қарор 10 рӯзи дигар дар ихтиёр дорад.
XS
SM
MD
LG