Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми истирдоди Ассанж содир шуд


Додгоҳи Бритониё истирдоди асосгузори сомонаи Викиликс Ҷулиан Ассанж ба Шветсияро иҷозат дод. Додситонҳои Шветсия мехоҳанд ин шаҳрванди 39-солаи Австралияро дар чорчӯби қазияи ним сол пеши бадрафтории шаҳвонӣ нисбат ба ду зан бозпурсӣ кунанд. Аммо Ассанж ин иттиҳомро радд карда гуфтааст, ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳад бурд. Вакилони Ассанж барои чунин шикоят як ҳафтаи дигар фурсат доранд. Онҳо мегӯянд, Ассанжро баъдан метавонанд аз Шветсия ба Амрико мустарид кунанд.
XS
SM
MD
LG