Пайвандҳои дастрасӣ

Эътои ҷоизаи Рӯдакӣ ба ховаршиноси фақиди рус


Ҷоизаи байналмилалии Рӯдакӣ барои соли 2010 ба эроншиноси фақиди рус Александр Болдирев эъто шудааст. Намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ин ҷоизаро бо мукофоти пулиаш, ки ҳудуди 3400 долларро ташкил медиҳад, ба духтари донишманди маъруф Мария Болдирева супурд. Александр Болдирев дар зиндагиаш профессори риштаи шарқшиносии Донишгоҳи Санкт-Петербург буд. “Таърихи Бадахшон, “Тарҷумаи ҳоли Зайниддин Восифӣ” ва “Се бахши таърихи фарҳангу ҳунари Шарқ” аз осорест, ки аз ин ховаршиноси шӯҳратёр боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG