Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фақат 2,5 фоизи аҳолии Душанбе газ доштааст


Дар ҳоли ҳозир танҳо 2,5 дарсади аҳолии Душанбе ба гази табииӣ таъмин будааст. Масъулони ширкати “Душанбегаз” ба “Азия Плюс” гуфтаанд, феълан танҳо сокинони маҳаллаи 46-уми пойтахт ва бахше аз сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки пули газро пешпардохт кардаанд, газ мегиранд. Тоҷикистон аз Узбакистон бо қимати 228 доллар барои ҳар ҳазор метри мукааб ҳар рӯз наздики ним миллион метри мукааб газ мегирад, вале бахши аксари ин маводи сӯхт ба корхонаҳои “Тоҷиксемент” ва ТАЛКО меравад.
XS
SM
MD
LG