Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи зидди "Азия Плюс" то 10 март таъхир шуд


Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе, ки дирӯз муҳокимаи даъвои Анвар Тағоймуродов, раҳбари идораи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон алайҳи ҳафтаномаи “Азия Плюс”-ро аз сар гирифт, ин мурофиаро дигарбора то 10 март ба таъхир гузошт. Анвар Тағоймуродов дирӯз аз додгоҳ хост, то муаллифи мақолаи “Тафтишот ё инквизитсия” Рамзия Мирзобековаро низ ба курсии ҷавобгарӣ бишинонад. Аммо Рамзия Мирзобекова мегӯяд, омода ҳаст, барои ҳар ҳарфи мақолааш посух бигӯяд.
Анвар Тағоймуродов ин мақолаи моҳи декабр дар “Азия Плюс” нашршударо талоши паст задани шаъну эътибори ӯву идорааш номида, аз ҳафтанома 1 миллион сомонӣ ҷуброн талаб дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG