Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи духтарони Мӯсавӣ ба мақомоти Эрон


Духтарони Мирҳусайни Мӯсавӣ дар номае ба мақомоти Эрон аз сарнавишти падару модари худ изҳори нигаронӣ кардаанд. Онҳо навиштаанд, чанд бори ахире ки ба хотири аҳволгирӣ ба назди манзили волидайн меоянд, ҳатто чароғҳои хона хомӯшанд ва дараке аз онҳо нест.
Мӯсавӣ ва Меҳдии Каррубӣ, ду раҳбари мухолифини Эрон аз 14 феврал, рӯзи эътирозҳои густардаи зидди давлат дар ҳабси хонагӣ қарор доранд. Дар ҳафтаи гузашта бо талаби эъдоми раҳбарони мухолифин бо ҳимояти давлат дар Эрон як силсила раҳпаймоиҳо низ созмон дода шуд.
XS
SM
MD
LG