Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаззофӣ Бин Лоденро гунаҳгор кард


Президенти Либия Муаммар Қаззофӣ имрӯз раҳбари шабакаи террористии Ал-Қоида Усома Бин Лоденро дар ташкили ошӯбҳои кишвараш муттаҳам кард.

Дар суханрониаш Қаззофӣ, ки бовар меравад ба таври ҳамзамон тавассути телевизион пахш мешуд, ба онҳое, ки то имрӯз ҷони худро аз даст доданд, изҳори тасаллият кард. Қаззофӣ сокинони шаҳри ғарбии Зовияро, ки бо нирӯҳои давлатӣ вориди даргирӣ шуданд, барои истеъмоли маводи дорувори махмуркунанда айбдор кард.

Дар ҳамин ҳол, нирӯҳои амниятии вафодор ба Қаззофӣ дар шаҳри сеюми бузургтарини Либия Мисрота, воқеъ дар шарқи пойтахт, бо ҷангиён вориди даргирӣ шуданд. Ҳарчанд ин ҳодиса дар наздикии фурудгоҳи маҳаллӣ рух дод, гуфта мешавад нирӯҳои зиддиҳукуматӣ ҳамоно назоратро бар маркази шаҳр ба дӯш доранд.

Бар тибқи дигар гузоришҳо, ҷангиёни мухолифи давлат имрӯз назоратро бар шаҳри Зувора дар ғарби Триполи ба даст дароварданд. Ҳоло бовар меравад, ки дар дасти нирӯҳои мухолифи ҳукумати Қаззофӣ бахши аъзами қисмати шарқии ин кишвар гузаштааст.

Имрӯз онҳо ҳушдор доданд, ки ният доранд дар Триполӣ раҳпаймоӣ карда, Қаззофиро аз қудрат барканор кунанд.


Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар Брюссел раиси сиёсати хориҷӣ Кетрин Эштон ва вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров бо пахши изҳороти пуштарак хушунату саркӯби намоишҳои эътирозии Либияро маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG