Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар манотиқи ғарбии Либия бархӯрдҳои мусаллаҳ миёни нерӯҳои содиқ ба Қаззофӣ ва мухолифини ӯ тавсеа ёфтаанд.

Бино ба гузоришҳои расида, рӯзи панҷшанбе, 24-уми феврал, воҳидҳои низомии артиши Либия, ки ба раҳбари ин кишвар Муаммар Қаззофӣ содиқ мондаанд, дар ғарби шаҳри Троблус ё Триполӣ масҷидеро мушакборон кардаанд.

ТАЛОШ БАРОИ ТАСАРРУФ

"Ассошиэйтед пресс" аз нақли шоҳидон овардааст, ки дар шаҳри Зовия, воқеъ дар 50 километрии ғарби Триполӣ, эътирозгарони зиддиҳукуматӣ масҷидеро ишғол ва аз иҷрои тақозоҳои нерӯҳои ҳукуматӣ сарпечӣ намудаанд.

Сипас, нерӯҳои давлатӣ оташ кушода, чандин нафарро дар дохил ва беруни масҷиди Зовия ба қатл расондаанд. То кунун иттилои расмӣ дар бораи шумораи талафоти ҷонӣ аз ин ҳамла нашр нашудааст.

Ба қавли эътирозгарон, соати нӯҳи саҳар, яъне дар арафаи ҳамла фарде бо номи Абдулло Миқроҳӣ ба ҳайси фиристодаи Қаззофӣ ба Зовия омада, талаб кард, ки эътирозгарон аз масҷид берун шаванд, агар не, маҳв хоҳанд шуд.

Нерӯҳои содиқ ба Қаззофӣ саъй доранд, манотиқи аз дастрафтаро дубора таҳти тасарруф қарор диҳанд. Раҳбарони қабилаҳо тасмим гирифтаанд, ки дар як нишасти фавқулода халои сиёсии манотиқи шарқии Либияро баҳс кунанд.

ДАР ИНТИЗОРИ ЭЪТИРОЗИ БУЗУРГ

Дар кӯчаҳои шаҳрҳои шарқии Либия афсаронеро метавон дид, ки силоҳу муҳимот ва ҳатто танку тӯп аз артиши Қаззофӣ фирор намуда, ба ошӯбгарон пайвастаанд. Онҳо аксаран парчами сурху сиёҳу сабзи подшоҳи пештараи Либияро болои сар мебардоранд: Ҳамон подшоҳеро, ки Қаззофиву ёронаш дар соли 1969 тахту тоҷ маҳрум карда буданд.

Интизор меравад, баъд аз намози ҷумъаи 25-уми феврал эътирози бузург дар пойтахт-шаҳри Триполӣ ва манотиқи ғарбии зери назорати ҳукумат барпо хоҳад шуд.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, афсарони ва зархаридони хориҷии содиқ ба Қаззофӣ амалиёти хунини поксозии манотиқи ғарбии либияро шурӯъ кардаанд. Худи Қаззофӣ дар Триполӣ истеҳком гирифта, фурудгоҳи байналмилалии ин шаҳрро таҳти назорати шадид қарор додааст.

ХОРИҶЁН-ГАРАВГОН?

Шореҳон мегӯянд, режими Қаззофӣ хориҷиёни бандмонда дар Либияро ҳамчун гаравгон истифода мебарад. Аз ин рӯ, кишварҳои мухталиф кӯшиш доранд, ҳамватанонашонро ҳарчӣ зуд ба хонаҳояшон баргардонанд.

Коргари турк Аҳмад Усел рӯзи панҷшанбе аз Либия баргашт. Ӯ мегӯяд: “Сарбозон моро ҳамчун гаравгон истифода мебурданд. Онҳо ба мо хӯрок намедоданд. Онҳо ҳатто маводи ғизоии аз тарафи консулгарии Туркия тақдимшударо аз мо мусодира карданд.”

Аммо шоҳидон мегӯянд, ҳоли даҳҳо ҳазор муҳоҷири кории Тунис ва Миср аз ҳама ногувор будааст, зеро режими Қаззофӣ ва зархаридонаш онҳоро нерӯи ташвиқдиҳандаи эътирозҳо арзёбӣ мекардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG