Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши шаҳодатталабе дар Қандаҳор даҳҳо нафарро маҷрӯҳ кард


Сокинони Имом Соҳиб маҷрӯҳони таркиши маргталабонаро интиқол медиҳанд. 21 феврали соли 2011
Сокинони Имом Соҳиб маҷрӯҳони таркиши маргталабонаро интиқол медиҳанд. 21 феврали соли 2011
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки дар паи таркиши маргталабе дар вилояти ҷанубии Қандаҳор имрӯз як афсари амниятӣ кушта ва беш аз 20 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Абдураззоқ, як фармондеҳи полиси наздимарзӣ мегӯяд, ки нирӯҳои амниятии Афғонистон бомбгузори савори мошинро шиносоӣ карда талош кардаанд аз вориди бозори шаҳри Спинболдак, воқеъ дар марз бо Покистон шудани вай ҷилавгирӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳолат бомбгузор маводи таркандаро ба кор андохта амниятиҳову афроди мулкии дар атроф ҷамъшударо ҳадаф қарор додааст. Шумори

маҷрӯҳони ин таркиш на камтар аз 24 нафар гуфта мешавад. Дар паи силсилаи худкушиҳои террористон дар се ҳафтаи ахир дар Афғонистон беш аз сад нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG