Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ бо истирдоди Ассанж ба Шветсия мувофиқат кард


Ҷулиан Ассанж ба додгоҳи Лондон наздик мешавад. 24 феврали соли 2011
Ҷулиан Ассанж ба додгоҳи Лондон наздик мешавад. 24 феврали соли 2011
Қозии додгоҳи Лондон ҳукм кард, ки Ҷулиан Ассанж, муассиси сайти интернетии моҷаробарангези Wikileaks метавонад ба Шветсия истирдод шавад, то ки дар баробари иттиҳомоти марбут ба бадрафториҳои ҷинсӣ посух диҳад.

Қозӣ Ҳовард Риддл гуфт, ки ду зан бо иттиҳоми Ассанж дар таҷовуз ва дастдарозиҳои ҷинсӣ шикоят кардаанд ва тамоми асноди аз ҷониби полиси Шветсия таҳияшуда дар ин замина иштибоҳе надорад.

Ин дар ҳолест, ки Ассанжи 39-сола иттиҳомоти алайҳи худро рад мекунад. Тими вакилони Ассанж мегӯянд, ҳарос доранд, ки шахси мавриди ҳимояти онҳо баъдан ба дасти низоми додгустарии ИМА хоҳанд супурд.

Ба Ассанж як ҳафта фурсат дода шудааст, ки барои бознигарӣ шудани ин ҳукм ариза бидиҳад.
XS
SM
MD
LG