Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрдҳои тарафдорону мухолифони Қаззофӣ дар шарқу ғарби Либия


Шаҳри Бенғозӣ
Шаҳри Бенғозӣ
Бар тибқи гузоришҳо, нирӯҳои амниятии вафодор ба раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ имрӯз ба ҷангиёни зиддиҳукуматӣ, ки шаҳри Мисроти Либияро дар 200-километрии шарқи Триполӣ назорат мекунанд, вориди задухӯрд шуданд.

Мегӯянд, задухӯрди шадидед дар наздикии фурудгоҳи маҳаллӣ рух додааст, аммо боз ҳам назорати шаҳр дар дасти ҷангиёни зиддиҳукуматӣ мебошад.

Имрӯз, бар тибқи гузоришҳо, ҷангиёни зиддиҳукуматӣ назоратро бар шаҳри ғарбии Зувора, воқеъ дар 120-километрии ғарби Триполӣ ба даст оварданд.

Гузоришҳои дигар дар бораи ҳамлаи артиши вафодор ба Қаззофӣ ба эътирозгарони зиддиҳукуматӣ дар шаҳри ғарбии Зовия хабар доданд.

Телевизиони давлатӣ хабар медиҳад, ки дар наздиктарин фурсат Қаззофӣ мехоҳад ба сокинони Зовия муроҷиат кунад.
XS
SM
MD
LG