Пайвандҳои дастрасӣ

Консули ҶТ дар Миср: "Бо ҳафт донишҷӯ дар Либия дар тамос ҳастем"


Шаҳрвандони Русия Либияро тарк мекунанд

Шаҳрвандони Русия Либияро тарк мекунанд

Консули Тоҷикистон дар Миср мегӯяд, ки сафорат бо ҳафт донишҷӯи тоҷикистонӣ дар Либия иртибот барқарор кардааст.

Музаффар Муҳаммадӣ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин донишҷӯён хоҳиш кардаанд, ки сафорати Қоҳира дар бозгардони онҳо ба Тоҷикистон кӯмак кунанд.

Онҳо дар манотиқи мухталифи Либия қарор дошта, як бахшашон дар пойтахт Триполӣ ва бахши дигар дар манотиқи шарқии ин кишвар ба сар мебаранд”, гуфт ин мақоми сафорат дар Қоҳира.

Ҳоло баробар бо пойтахт, ки зери назари тарафдорони президент Муаммар Қаззофӣ мебошад, донишҷӯёни тоҷик инчунин дар манотиқи шарқи Либия низ ба сар мебаранд.

Шаҳрҳои аслии шарқи ин кишвар зери назари мухолифони режими раҳбари дарозумри ин кишвар қарор доранд.

Музаффар Муҳаммадӣ гуфт, ки “аз рӯи сӯҳбат бо донишҷӯён маълум шудааст, ки онҳо бештари вақт дар хобгоҳҳои худ буда, бо сабаби хушунатҳо талош мекунанд, берун нараванд”.

Вай афзуд, ки сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира дар як тамос бо сафорати Русия дар Триполӣ дар тамос шуда масъалаи бозгардони донишҷӯёни тоҷикро баррасӣ кардааст.

Ӯ гуфт, ки аз рӯи маълумоти онҳо санадҳои бархе донишҷӯён пурраву такмилшуда нест ва аз сӯи дигар, бо сабаби аз хобгоҳ берун нашудани донишҷӯён дар шароити ноамниҳои афзоянда, берун баровардани донишҷӯён мушкил мешавад.

Шумори донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Миср 21 нафар гуфта мешавад ва то ҳол “аз миёни онҳо ҳафт нафарашон хостори бозгашт ба Тоҷикистон шуданд”, - гуфт консули Тоҷикистон дар Миср.
XS
SM
MD
LG