Пайвандҳои дастрасӣ

Киштиҳои "таҳрикомези" эронӣ ба бандари Лозиқияи Сурия мерасанд


Оҷонсии давлатии ИРНО мегӯяд, ки ду киштии ҷангии эронӣ, ки ҳафтаи ҷорӣ аз канали Суэз убур карда боиси нигаронии Исроил шуданд, бояд имрӯз дар бандари Лозиқияи Сурия қарор гиранд.

Ин нахустин киштиҳои эронӣ мебошанд, ки баъди инқилоби исломии Эрон дар соли 1979 аз роҳи канали Суэз ҳаракат карданд. Исроил ин кори эрониҳоро як амали таҳрикомез номида нирӯҳои дарёии худро дар ҳоли омодабош қарор додааст.

ИРНО дар нақли қавл аз фармондеҳи нирӯҳои дарёии Эрон адмирал Ҳабибулло Сайёрӣ гуфт, ки киштиҳо ба минтақа ҳеҷ таҳдиде эҷод намекунанд ва як рисолати тамриниро ба ӯҳда доранд.

Адмирали эронӣ нагуфт, ки ин киштаҳо чӣ муддате дар соҳилҳои Сурия қарор хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG