Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Владимир Путин ба Брюссел


Брюссел, 24 феврали соли 2011

Брюссел, 24 феврали соли 2011

Дар мулоқоти ҳайати Русия дар Брюссел, ки дар раъси он нахуствазир Владимир Путин қарор дорад, масоили ҳамкориҳои тиҷоративу энержӣ бо Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ хоҳанд шуд.

Путин дар ин сафар бо раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо ва вазирони кабинаи ӯ бо ҳамтоёни аврупоиашон мулоқоту гуфтугӯҳо доир хоҳанд кард.

Яке аз масъалаҳо марбут ба омодагиҳои Русия барои анҷоми як силсила ислоҳоти иқтисодӣ мешавад, ки шарти муҳими ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат шомил шудани Маскав аст. Русия танҳо иқтисоди азими ҷаҳонист, ки узви ин созмон нест.

Комиссиюни Аврупо мегӯяд, ки дар мулоқоти мақомоти аврупоӣ бояд нигарониҳои ин ниҳод дар заминаи масоили ҳуқуқи башар, ҳукумати қонун ва демократия матраҳ шавад.
XS
SM
MD
LG