Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорҳо хориҷиҳо Либияро тарк мекунанд


Ҳазорҳо хориҷиҳо дар шароити тундтар шудани зиддиятҳои миёни тарафдорони президент Муаммар Қаззофӣ ва мухолифони ӯ, ки баъди беш аз 40 соли раҳбариаш талаби истеъфои ӯро доранд, Либияро тарк мекунанд.

Як марди либиягие, ки шаҳрвандии Бритониёро дорад ва дар садади берун рафтан аз ин кишвар аст, мегӯяд:

“Вазъ бояд дигар мешуд. Мо ба тағйирот ниёз дорем. Дар ҳама ҷо қатлу куштор аст: дар Триполӣ, Бенғозӣ, дар ҳама ҷо. Ман ба ҳукумати худ, ҳукумати Бритониё хеле миннатдорам, ки барои берун шудани мо аз ин ваҳшат кӯмак мекунад”.

Бар тибқи хабарҳои охир, тарафдорони мухолифин назоратро бар манотиқи шарқии Либия, аз ҷумла шаҳрҳои Бенғозӣ, Байзо ва Тобрук ба даст оварда нирӯҳои вафодор ба Қаззофӣ барои зери назар нигоҳ доштани пойтахт шаҳри Триполӣ ва манотиқи ғарбии кишвар талош доранд.

Дар шароити ба ҷониби мухолифони режими Қаззофӣ гузаштани бархе дипломатҳо ва мақомоти интизомии Либия, президент мегӯяд, ки тавони саркӯби ошӯбҳои эътирозгаронро дошта вазъро дубора зери назар медарорад.

Бовар меравад, ки баъди шурӯи эътирозҳо зидди ҳукумати Қаззофӣ дар ҳафтаи гузашта то имрӯз садҳо нафар кушта шуданд, ҳарчанд таҳқиқи вазъи воқеӣ ғайриимкон аст. Дар ҳамин ҳол, давлатҳои хориҷӣ амалиёти берункашии шаҳрвандонашонро аз хоки Либия идома медиҳанд.

Либия, яке аз давлатҳои муҳими тавлидкунандаи нафт дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, ки соле ду дарсади захираҳои нафти ҷаҳонро истеҳсол мекунад.
XS
SM
MD
LG