Пайвандҳои дастрасӣ

Тағоймуродов мехоҳад Мирзобековаро низ ба ҷавобгарӣ кашонад


Анвар Тағоймуродов, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тақозо кардааст, ки дар баҳси судии ӯ бо нашрияи "Азия-Плюс" муаллифи мақола Рамзия Мирзобекова низ баробар ҷавобгӯ шавад.

Рамзия Мирзобекова, муаллифи мақолаи "Тафтиш ё инкивизитсия?" дар ҳафтаномаи "Азия-Плюс" аст, ки маъмурони пулисро ба истифода аз шиканҷа ва зӯроварӣ алайҳи боздоштшудагон муттаҳам кардааст.

Вале нашрия мегӯяд, ки тамоми факту далелҳои дар мақола зикршуда бар пояи парвандаҳои ҷиноӣ ва ҳам шаҳодати ҷабрдидаҳо таҳия шудааст. Анвар Тағоймуродов талаби пардохти як миллион сомониро чун ҷуброни маънавии тӯҳмату бӯҳтони дар матлаб нашршуда мекунад.
XS
SM
MD
LG