Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷеае дар Хоруғ ҷони ҷавонеро гирифт


Дар Хоруғ як сокини маҳаллӣ дар пайи бархӯрди мошинаш ба ноқили барқ даргузашт.

Мизроб Доробов, сардори хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии Бадахшон дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ дар ин вилоят гуфт, ки сокини 28-солаки Хоруғ Рустам Чоршанбиев сари чанбари мошин бо суръати баланд аз хиёбон рад мешуд, ки ба симчӯби интиқолдиҳандаи барқ бархӯрд ва дар ҷои ҳодиса ҷон дод.

Ду савори дигари мошини ӯ бо ҷароҳатҳо ба бемористон бурда шуданд. Мошин бар асари бархӯрд бо ноқили барқ оташ гирифта боиси рух додани фоҷеа шудааст.
XS
SM
MD
LG