Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорон хориҷӣ тарки Либия мекунанд


Ҳазорон хориҷӣ дар пасманзари ташдиди набард барои қудрат байни Муаммар Қаззофӣ ва мухолифинаш тарки Либия мекунанд. Бино ба хабарҳо, мухолифони режим шарқи Либия, бо шумули шаҳрҳои Тобруку Бенғозиро зери назорат овардаанд. Аммо нирӯҳои содиқ ба Қаззофӣ барои ҳифзи назорат бар пойтахт, шаҳри Троблус ва ғарби Либия меҷанганд. Дар бораи ҳалокати садҳо нафар дар ошӯбҳои Либия гузориш шудааст, вале тадқиқи шумори қурбониён ғайримумкин боқӣ мемонад.
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дирӯз хушунати нирӯҳои Либия алайҳи мардуми мулкиро маҳкум кард. Обама гуфт, масъулияти ин хушунатҳо бояд бар дӯши мақомоти Либия гузошта шавад.
Бо ин ҳол, Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, он атбоъи ин кишварро, ки дар Либияи ошӯбзада кор ё таҳсил мекунанд, берун бикашанд. Аммо Музаффар Муҳаммадӣ, консули Тоҷикистон дар Қоҳира, пойтахти Миср, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки талошҳои онҳо ҳанӯз натиҷа надодааст. Бино ба ҳисобҳо, феълан дар Либия 21 шаҳрванди тоҷик ба сар мебарад, ки аксараш дар донишгоҳи Ад-Даъваи шаҳри Троблус таҳсил мекунанд.
XS
SM
MD
LG