Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз ҳукми асосгузори Викиликс эълон хоҳад шуд


Интизор меравад, додгоҳи Лондон имрӯз тасмим бигирад, ки оё асосгузори сомонаи Викиликс Ҷулиан Ассанжро ба Шветсия мустарид кунанд ё хайр. Ассанж, ки бо нашри асноди маҳрамонаи дипломатии Амрико ном баровард, дар Шветсия ба бадрафтории шаҳвонӣ нисбат ба 2 зан дар моҳи август айбдор мешавад. Аммо ин шаҳрванди 39-солаи Австралия ин иттиҳомро радд мекунад. Вакилонаш мегӯянд, Ассанж дар Шветсия метавонад ба хатари истирдоди баъдӣ ба Амрико рӯбарӯ шавад. Нашри асноди дипломативу низомии Амрико дар Викиликс мояи хашми давлати Амрико шудааст.
XS
SM
MD
LG