Пайвандҳои дастрасӣ

Нархи нафт як муддат аз 100 доллар гузашт


Нархи нафт дар Амрико аз марзи рамзии 100 доллар барои як бушка барои як муддати кӯтоҳ убур кард. Ин болоравӣ дар пасманзари нигарониҳоест, ки таъсири эҳтимолии ошӯбҳои Либия ба афзоиши таваррум ва кунд шудани мизони эҳёи иқтисодӣ эҷод кардааст.
Аммо нархи нафт дар биржаи Ню-Йорк баъдан каме пойин омад ва дар сатҳи 98,10 доллар барои як бушка қарор гирифт. Ин рекорд аз моҳи октябри соли 2008 ба ин сӯ собиқа надорад. Таҳлилгарон мегӯянд, ошӯбҳои Либия ва рӯйдодҳои дигари Ховари Миёна метавонад боиси боло рафтани нархи маводи муӯхт шуда, монеъи раванди раҳоии иқтисоди ҷаҳон аз панҷаи буҳрони молӣ шавад.
XS
SM
MD
LG