Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду тан дар Олмон бо гумони ҳамкорӣ бо ҲИУ


Мақомоти Олмон ду мардро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ), як гурӯҳи марбут ба Ал-Қоида боздошт карданд. Ба гуфтаи додситонҳо, Умар С.-и 24-сола ва Турғай С.-и 28-сола ҳанӯз рӯзи 22 феврал дастгир шуданд. Гумон меравад, ки Умар дар моҳи сентябри соли 2009 ҳангоми тамрин дар як тамрингоҳи террористӣ ба ҲИУ пайваста, то замони бозгашташ ба Олмон дар сентябри соли гузашта дар анҷоми ҳамлаҳо даст дошт. Турғай ба ҳимояти молӣ аз ҲИУ ва ирсоли 53 550 доллар ба ин гурӯҳ айбдор мешавад. Пулиси Олмон манзили 4 гумонбари дигарро низ таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст.
XS
SM
MD
LG