Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳарсол сеяки сарбозони афғон тарки урду мекунанд


Як генерали аршади НАТО гуфт, ҳамасола сеяки сарбозони афғон тарки урду мекунанд, вале ин паймони низомӣ мусаммим аст, шумори нирӯҳои амниятии Афғонистонро то моҳи октябр ба 305 000 нафар бирасонад. Раҳбари бахши тамриноти НАТО генерали амрикоӣ Вилям Калдвелл гуфт, Урдуи давлатии Афғонистон ба манзури пӯшонидани ҷойи фавҷи сарбозони рафта теъдоди кофии сарбозони навхатро даъват мекунад, ки боиси дар сол 32 дарсад афзудани шумори сарбозонаш шудааст. Таҳкими нирӯҳои амниятии маҳаллӣ як бахши муҳими барномаи хуруҷи нирӯҳои хориҷист, ки НАТО қасд дорад дар соли ҷорӣ оғоз карда, то соли 2014 анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG