Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти амир Абдуллоҳ ба Саудия


Подшоҳи Арабистони Саудӣ амир Абдуллоҳ баъди чанд моҳи табобат дар хориҷ ба кишвараш баргашт. Ба муҷарради бозгашти ӯ, телевизиони Саудия хабар дод, ки амир Абдуллоҳ ҷиҳати иттихози 10,7 миллиард доллар ба як сандуқи имдодӣ, ки ба атбоъи Саудӣ дар амри харидории манзил, издивоҷ ва оғози тиҷорат кумак мекунад, дастур додааст. Маблағи ҷадид қариб 2 маротиба бештар аз будҷаи қаблии ин сандуқи имдодист. Дар замони ғуюби амир Абдуллоҳ Ховари Миёна ба мавҷи ошӯбҳои мардумӣ бо талаби мубориза бо фақр ва ислоҳоти сиёсӣ дучор шуд. Арабистони Саудӣ то ҳол аз чунин эътирозҳо эмин мондааст, вале рехтани миллиардҳо доллар ба ин сандуқи имдодӣ як навъ талоши ҳокимони ин кишвар ба хотири пешгирӣ аз бурузи чунин ҳаводис низ арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG