Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирозгарон шарқи Либияро зери назорат овардаанд


Эътирозгарон зоҳиран чандин шаҳр дар шарқи Либияро таҳти назорати худ даровардаанд. Тавре ба назар мерасад, сар аз марзи Миср ва то шаҳрҳои Тобруку Бенғозӣ нирӯҳои артиш низ ба тарафи тазоҳургарон мегузаранд. Дар пойтахти Либия низ садои тир шунида мешуд ва гурӯҳҳои хурде аз тарафдорони раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ба дунболи даъвати ӯ ба саркӯбии мухолифин дар кӯчаҳои пойтахт раҳпаймоӣ мекарданд. Режими Либия ҳалокати 300 нафар дар ошӯбҳои ахирро эътироф кард. Вале Федеросиюни ҳуқуқи башар теъдоди қурбониён дар Либияро дастикам 640 нафар ҳисоб кардааст. Аз ин шумор 275 нафар дар Троблус ва 230 тани дигар дар Бенғозӣ ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG