Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хушунатҳои Либияро маҳкум кард


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама хушунати нирӯҳои Либия алайҳи мардуми мулкиро “нафратовар” ва ғайриқобилиқабул хонда, маҳкум кард. Дар нахустин ташреҳаш ба рӯйдодҳои Либия, Обама гуфт, масъулияти ин хушунатҳо бояд бар дӯши мақомоти Либия гузошта шавад: “Азияту хунрезӣ нафратовар ва нопазируфтанист. Ин аъмол меъёрҳои байналмилалӣ ва ҳар навъ меъёри умумиро поймол мекунад. Ин хушунатҳо бояд қатъ карда шаванд.”
Обама гуфт, ба ниҳодҳои амниятиаш дастур додааст, то тамоми интихобҳо дар қиболи Либияро биёмӯзанд ва маъмурияташ қасд дорад бо шарикони байналмилалии худ як посухи муштарак ба буҳрони Либияро таҳия кунад. Дирӯз мақомоти аршади ИА низ гуфтанд, ки Брюссел мавзӯъи эъмоли таҳримот алайҳи режими Муаммар Қаззофиро баррасӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG